Шиносоии раиси Хуҷанд бо сифати корҳои сохтмон дар иншоот

Бо мақсади таҳлили воқеӣ аз вазъи корҳо дар иншоотҳои сохташаванда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи муовини худ Дадоҷон Абдуллоев, сардори идораи сохтмони асосӣ Музаффар Шокиров, кумитаи заминсозӣ Абдухалил Ёрматов, мутахассиси пешбари шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Акмал Ғайбуллоев ва дигарон аз чанд мавзеҳои сохтмонӣ боздиди корӣ ба амал овард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти […]



Бо мақсади таҳлили воқеӣ аз вазъи корҳо дар иншоотҳои сохташаванда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи муовини худ Дадоҷон Абдуллоев, сардори идораи сохтмони асосӣ Музаффар Шокиров, кумитаи заминсозӣ Абдухалил Ёрматов, мутахассиси пешбари шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Акмал Ғайбуллоев ва дигарон аз чанд мавзеҳои сохтмонӣ боздиди корӣ ба амал овард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳри Хуҷанд аз сохтмони манзили истоқоматии 32 ҳуҷрагӣ, ки аз ҷониби ширкати «МИКО» бунёд мешавад дидан намуда, аз лоиҳаи он, рафти корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Зеро сохтмон бо риояи тамоми талаботҳои мавҷуда сурат гирифта, ба ғайр аз пешбинӣ намудани тамоми шароитҳои муосир, лоиҳаи бино таваққуфгоҳи нақлиётӣ,майдончаи варзиширо дар бар гирифтааст. Пешбинӣ мешавад, ки дар ошёнаи якум маркази савдои замонавӣ барои сокинон хизмат расонда, ҷойҳои нави корӣ пайдо хоҳад шуд. Ҳамчунин иншооти аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Аюб Тоҳиров сохташаванда низ аз 56 ҳуҷраи истиқоматӣ, маркази савдо ва тарабхона иборат буда, тибқи нақша корҳои сохтмонии ин бино давоми ду сол ба интиҳо расида ба истифода дода шавад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани он 56 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ мегарданд.

 Раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонӣ ва риоя нагардидани чанде аз иншоотҳо эроди ҷиддӣ гирифт.

 Аз ҷумла ба иншоотҳои сохташавандаи аз ҷониби «Ариана-Л» соҳибкори инфиродӣ Мавзуна Тоҳирова бобати чанд камбудиҳо ба монанди номувофиқати лоиҳа, аз партови сохтмонӣ тоза накардани мавзеи сохтмонӣ мавҷуд набудани таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва майдончаи варзишӣ вайрон намудани қоидаи истифодаи қувваи барқ ва ғайра қайд гардида, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта се рӯз мӯхлат дода шуд.

 Идораи ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва шаҳрсозӣ кумитаи заминсозӣ, идораи барқ ва назорати он вазифадор карда шуданд, ки дар мӯхлати муқарраргардида иҷроиши супоришро таъмин намуда чораҳои фаврии муҷозотии қонуниро нисбати роҳбарияти ширкати сохтмонӣ ва соҳибкор андешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.