«Энергетик» аз мусобиқаи Лигаи олии футбол хориҷ шуд

Дастаи футболи «Энергетик»-и шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки дигар дар мусобиқаи Лигаи футболи олии мамлакат иштирок намекунад. Қобили зикр аст, ки дар мавсими имсола ин дастаро мушкилоти молӣ пайгир аст, ки ба идомаи иштироки даста дар мусобиқа имкон надод. Сарпарасти даста – ширкати «Барқи тоҷик» аз маблағгузории минбаъдаи ин тими футбол даст кашид. Бино ба […]

ASIA-Plus



Дастаи футболи «Энергетик»-и шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки дигар дар мусобиқаи Лигаи футболи олии мамлакат иштирок намекунад.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими имсола ин дастаро мушкилоти молӣ пайгир аст, ки ба идомаи иштироки даста дар мусобиқа имкон надод. Сарпарасти даста – ширкати «Барқи тоҷик» аз маблағгузории минбаъдаи ин тими футбол даст кашид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутобиқи регламенти мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар, дар бозиҳои боқимондаи даста бо тимҳои «Хуҷанд», «Истиқлол», «Парвоз» ва «Далерон», ба дастаи «Энергетик» аз ин тимҳо бо ҳисоби 0 бар 3 бохти техникӣ ҳисобида мешавад.

Пас аз 15 даври мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон, дастаи «Энергетик» дар ҷадвали мусобиқа мақоми 6-умро ишгол мекунад. Аз оғози мавсим дастаи Алишер Тӯхтаев 5 ғалаба ба даст оварда, 4 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар 5 вохӯрӣ ба шикаст дучор гардид, ки 2-то аз ин бохтҳо техникӣ буданд.

Дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи «Энергетик» аз соли 2007 бозӣ мекунад. Натиҷаи беҳтарини ин даста ба вохӯрии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфтан дар соли 2008 аст, ки дар ин бозӣ онҳо аз дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.