Нимҳимоятгари «Истиқлол» беҳтарин футболбози мавсими соли 2014

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як маросими ботантана дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014-ро бо ҷоизаҳо сарфароз кард. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ, дар ин маросим ба тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ барои бори севум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф […]

ASIA-Plus



Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як маросими ботантана дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014-ро бо ҷоизаҳо сарфароз кард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ, дар ин маросим ба тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ барои бори севум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гашт, медалҳои тилло супурда шуд. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими «Далерон-Ӯротеппа»-Истаравшан барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе бо медалҳои тилло, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо медалҳои нуқра ва «Далерон-Ӯротеппа»-Истаравшан бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Се дастаи беҳтарини лигаи аввал – “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва”Исфара”-и шаҳри Исфара мутаносибан бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин маросим, инчунин ба беҳтарин футболбозону мураббиён ҷоизаҳои ФФТ супурда шуд. Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе, бо ҷоизаи “Беҳтарин бозингари соли 2014” сарфароз гашт. Дилшод Восиев, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”, бо ҷоизаи “Беҳтарин нишонзани мусобиқаи лигаи олӣ” (15 гол) мукофотонида шуд. Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”, беҳтарин мураббии сол, Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) беҳтарин довар ва Соломон Течи, ҳамлагари “Далерон-Ӯротеппа”, беҳтарин легионер эътироф гаштанд.

Ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои дигар низ ҷоизаҳои ФФТ тақдим гардид.

Лауреатҳои мавсими соли 2014:


Дарвозабони беҳтарин

 – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»).


Ҳимоятгари беҳтарин

 – Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»).


Нимҳимоятгари беҳтарин

 – Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).


Голзани беҳтарин

 – Дилшод Восиев («Истиқлол») – 15 тӯб.


Мураббии беҳтарин

 – Мубин Эргашев  («Истиқлол»).


Довари беҳтарин

 – Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).


Беҳтарин легионери чемпионати Тоҷикистон

 – Соломон Течи («Далерон-Ӯротеппа»).


Беҳтарин мураббии кӯдакон

 – Ҳикмат Фузайлов (Академияи КФ «Истиқлол»).


Беҳтарин мураббии лигаи аввал

 – ИдибекҒаффоров («Саройкамар»).


Беҳтарин футболбоззан

 – Муниса Мирзоева (МҶМОВ).


Беҳтарин бозигари футзал

 – Шерзод Ҷумъаев («Бонки миллӣ»).


Беҳтарин мураббии футзал

 – Мирзонаҷот Назаров («Бонки миллӣ»).


Беҳтарин дарвозабони футзал

 – Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ-Инвест»).


Беҳтарин легионери футзал

 – Носир Ҳоҷӣ(«ДИСИ-Инвест»).


Беҳтарин бозигар байни кӯдакони солҳои таваллудашон 2001-2002

 – Муҳаммадворис Сайдалиев («Авиатор»).


Беҳтарин бозигар байни наврасони солҳои таваллудашон1999-2000 

– АвазҚамчинов («Равшан»).


Беҳтарин бозигар байни наврасони солҳои таваллудашон1997-1998

 – ШаҳбозҲусейнов  (МҶМОВ).


Беҳтарин футболбози Тоҷикистон-2014

 – Нуриддин Давронов («Истиқлол»).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.