Аз оғози сол қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 0,8% поин рафт

Тайи ду ҳафтаи аввали соли равон қурби расмии арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи тақрибан 0,8% поин рафт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба санаи 15-уми январи соли равон қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА – 5,3503 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ба санаи 1-уми январи соли ҷорӣ қурби […]

Пайрав Чорашнбиев



Тайи ду ҳафтаи аввали соли равон қурби расмии арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи тақрибан 0,8% поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба санаи 15-уми январи соли равон қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА – 5,3503 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ба санаи 1-уми январи соли ҷорӣ қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА ба 5,3074 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баробар буд.

Қобили зикр аст, ки давоми соли 2014 қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба миқдори 11,2% поин рафт. Ба санаи 1-уми январи соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА ба 4,7741 сомонӣ баробар буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.