Кабирӣ аз президент дастури хотимаи тақсими аҳзоб ба худиву бегонаҳоро интизор аст

– Иқдоми аз моҳи апрел ба моҳи январ гузаронидани санаи ироаи паёми президент ба парлумон тадбири хеле саривақтӣ аст, чунки Тоҷикистон ба мисли тамоми минтақа давраи мушкилеро паси сар мекунад ва ҷомеа бояд донад, ки соли равон барои ҳалли вазифаҳои афзалиятнок чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд, – изҳор дошт раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ. […]

Аваз Юлдошев



– Иқдоми аз моҳи апрел ба моҳи январ гузаронидани санаи ироаи паёми президент ба парлумон тадбири хеле саривақтӣ аст, чунки Тоҷикистон ба мисли тамоми минтақа давраи мушкилеро паси сар мекунад ва ҷомеа бояд донад, ки соли равон барои ҳалли вазифаҳои афзалиятнок чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд, – изҳор дошт раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ.

«Чун кишвар дар остонаи оғози маъракаи пешазинтихоботӣ қарор дораду аллакай қонуншиканиҳои сершумор ва фаромӯш шудани ваъдаи президент ба мушоҳида мерасанд, аз Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои мушаххас ба мақомоти маҳаллии ҳокимият ва тамоми мансабдорон оид ба хотима бахшидан ба тақсими аҳзоби сиёсӣ ба худиву бегонаҳоро интизорам», – қайд кард Кабирӣ.

Кабирӣ зикр кард, ки маълум аст, ки ояндаи наздик ҳазорон муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҷойҳои кории худро аз даст медиҳанд ва маҷбур мешаванд, ки дар ватан бимонанд. «Бо назардошти то ҳол ҳал нашудани мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, болоравии рӯҳияи тундгароӣ миёни қишрҳои муайяни ҷомеа ва афзоиши таҳдидҳои ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа, аз сарвари давлат мехоҳам бифаҳмам, ки барои коҳиши ташаннуҷи вазъ ва посух ба ин ситезаҷӯиҳо ба ҷуз тадбирҳои истифода аз нерӯ, ҳукумат боз чӣ чораҳое меандешад», – иброз дошт раиси ҲНИТ.

Ба қавли ӯ, бо назардошти воқеияти нав, имрӯз тамоми кишварҳои минтақа ба бозбинии сиёсати худ шурӯъ намудаанд. «Роҳбарони ин кишварҳо аллакай оид ба тавсеъаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, оғози муколамаи дохилӣ ва созиши миллӣ аз рӯйи масъалаҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳарф мезананд», – гуфт Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки паёми нави президент натанҳо ба ин саволҳо посух хоҳад гуфт, балки фазои нави рушди кишварро низ муайян намуда, сарфи назар аз мансубият ба дину аҳзоб ва минтақа, ба ҳамаи шаҳрвандон эътимод хоҳад дод, ки Тоҷикистон ватани ҳамаи тоҷикистониён аст ва назди қонуну давлат ҳама баробаранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.