Омодагии Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ ба дастгирии ҳампешагони тоҷик

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ рӯзи 26 январ дар Душанбе бо Чун Мон Гу, сарвари Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ вохӯрданд.  Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Федератсияҳои футболи ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ изҳор намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳамкасбонии кореягии […]

ASIA-Plus



Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ рӯзи 26 январ дар Душанбе бо Чун Мон Гу, сарвари Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ вохӯрданд. 

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Федератсияҳои футболи ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ изҳор намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳамкасбонии кореягии худ, ҷиҳати маркетинг, алоқаҳои байналмилалӣ, маълумоти мураббигарӣ, футболи кӯдакону наврасон ва дар дигар самтҳо барои мубодилаи таҷриба таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Дар навбати худ Чун Мон Гу таъкид кард, ки Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ омода аст, ки ҳампешагони тоҷики худро дастгирӣ намояд.

Дар вохӯрӣ роҳбари ФФТ Рустами Эмомалӣ ҳамтои худ Чун Мон Гуро ба муносибати ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 раҳ ёфтани мунтахаби миллии Кореяи Ҷанубӣ, ки имрӯзҳо дар Австралия мегузарад, табрик кард. «Мунтахаби шумо дар майдонҳои футболи Австралия бозии аъло нишон медиҳад. Имрӯз футболбозони шумо муваффақ шуданд, ки мунтахаби Ироқро мағлуб карда, ба бозии ниҳоӣ бароянд. Аз таҳти дил, ба мунтахаби шумо дар Ҷоми Осиё ғолиб шуданро таманно дорам!», – гуфт Рустами Эмомалӣ.

«Ташаккур! Ман аз бори аввал дар Тоҷикистон буданам бисёр шодам. Мо омодаем, ки дар омӯзиши мутахассисони шумо кӯмак кунем. Дар оянда мо вохӯриҳои мунтазамро дар сатҳи мумайизон (экспертов), гузаронидани машғулиятҳоро барои мураббиён ва баргузории вохӯриҳои дӯстонаро миёни мунтахабҳои миллии синну солашон мухталиф дар нақша дорем», – гуфт Чун Мон Гу.

Дар вохӯрӣ ноиби аввали президенти Федератсияи футболи мамлакат Хуршед Мирзоев, дабири кулли ФФТ Ислом Маҳмадшоев, ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ Ким Дон Дае ва ёвари президент Син Сун Хо иштирок карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.