Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ба АМА раҳсипор мешавад

Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D», ки дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Тоҷикистон шомили он аст, дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ бо истинод ба Конфедератсияи футболи Осиё, марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D» аз 27 то 31 март дар шаҳри Фуҷираи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Ҳарифони […]

ASIA-Plus



Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D», ки дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Тоҷикистон шомили он аст, дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ бо истинод ба Конфедератсияи футболи Осиё, марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D» аз 27 то 31 март дар шаҳри Фуҷираи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони мо дар ин гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони АМА, Шри-Ланка ва Яман мебошанд.

Баромади худро дар марҳилаи гурӯҳӣ шогирдони Алишер Тухтаев рӯзи 27-уми март аз бозӣ бо мунтахаби ҷавонони Яман оғоз мекунанд. 29-уми март бошад, футболбозони мо бо соҳибони майдон (АМА) ва дар даври охирин санаи 31-уми март бо мунтахаби ҷавонони Шри-Ланка рақобат мекунанд.

Ёдрас мешавад, ки дар марҳилаи интихобии ЧО-2016 43 мунтахаби ҷавонони қораи Осиё дар ду минтақа ҷудо шуда ширкат мекунанд. Ба минтақаи ғарб 23 даста ва ба минтақаи шарқ бошад, 20 даста шомиланд.

Дар вақти қуръакашӣ дар минтақаи ғарб 3 гурӯҳи 5 дастагӣ ва 2 гурӯҳи 4 дастагӣ созмон дода шуд. Дар минтақаи шарқӣ бошад, 5 квартети 4 дастагӣ таъсис ёфт. Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки аз 12 то 30 январи соли 2016 доир мешавад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи ҷои дуюме, ки нишондиҳандаҳои хубтарро соҳиб гардиданд, роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 дар давлати Қатар баргузор мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки чемпионати мазкур, марҳилаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ-2016 низ маҳсуб меёбад. Ҷоизадорони ин чемпионат соҳиби роҳхати Бозиҳои Олмпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейро мешаванд.


Чемпионати Осиё-2016 байни даста


ҳ


ои мунтахаби


ҷ


авонони зери 23-сола (U-23).  Мар


ҳ


илаи интихоб


ӣ



Гур


ӯҳ


и «D»:

 АМА, Яман, ТОҶИКИСТОН, Шри-Ланка.

Даври 1-ум

27 март (ҷумъа)

Яман – ТОҶИКИСТОН

АМА – Шри-Ланка

Даври 2-юм

29 март (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН – ОАЭ

Шри-Ланка – Яман

Даври 3-юм

31 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка

АМА – Яман


Гур


ӯҳҳ


ои дигар:

Гурӯҳи «А»: Ироқ, Оман, Баҳрайн, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «В»: Урдун, Қувайт, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Эрон, Непал, Фаластин, Афғонистон.

Гурӯҳи «Е»: Сурия, Узбекистон, Ҳиндустон, Бангладеш.

Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянма, Гонконг, Тайбеи Чин.

Гурӯҳи «G»: ҶХДК, Таиланд, Камбоҷа, Филиппин.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.