Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 7 феврал дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши балети А.Адан «Жизел» доир мегардад. Оғоз соати 17-00. Арзиши билет – 20 сомонӣ; – 7 феврал соати 17-00 дар кинотеатри «Ҷомӣ» маросими муаррифинома ва нахустнамоиши филми нави мазҳакавӣ, мелодрама барои ҷавонон «Арӯси замонавӣ» баргузор мешавад. Арзиши билет – 30 сомонӣ. […]

ASIA-Plus



Анонс




– 7 феврал

дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши балети А.Адан «Жизел» доир мегардад. Оғоз соати 17-00. Арзиши билет – 20 сомонӣ;


– 7 феврал

соати 17-00 дар кинотеатри «Ҷомӣ» маросими муаррифинома ва нахустнамоиши филми нави мазҳакавӣ, мелодрама барои ҷавонон «Арӯси замонавӣ» баргузор мешавад. Арзиши билет – 30 сомонӣ.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.3902

сомонӣ;


1

евро –

6.1273

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.0796

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


7 Феврал


2007 —

Зимни дар Миср қарор доштан президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳри Нораки Тоҷикистон ва Асвони Миср бародаршаҳр эълон шаванд.


2011

— Узви Шӯрои сиёии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода мавриди лату кӯби ваҳшиёна қарор гирифт.


2010

– Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Фаррух Қосимов дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.


1910

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, коргардон Миркарим Саидов.


1988

– Мавлуди Нозияи Кароматулло, сарояндаи тоҷик.


8 Феврал


1942

— Дар Сталинобод навбати аввали корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода шуд.


2002

— Дар Душанбе нахустин пойгоҳи электронӣ-рақамии алоқаи телефонӣ мавриди истифода қарор гирифт.


2010

— Дар Маскав собиқ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Вера Шестак аз олам даргузашт.


2013

— Дар Истамбул расман Консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.


2001

– Даргузашти сароянда Муборакшо Мирзошоев. Сарояндаи маъруф бар асари бемории сили дуҷонибаи роҳҳои нафас ба ҳалокат расида, сабти албоми сурудҳои ретрои дӯстонро ба анҷом расонида натавонист.


1928

– Зодрӯзи шоир Акобир Шарифӣ.


1939

– Мавлуди олими бахши арабшиносӣ Матин Ҳусейнзода, писари филологи маъруф, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода. Солҳои зиёд Матин Шарифович ба кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сарварӣ мекард.


1947

– Зодрӯзи ҳунарманди балет, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Хосият Боева.


1969

– Мавлуди қаҳрамони 13-каратаи Тоҷикистон Шералӣ Ҳикматов.


1975

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Рустам Бердиев.  



Вазъи обуҳаво


7 Феврал


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +2+7.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -1+4.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан каме барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -3+2;  дар шарқи вилоят шабона -16-21, рӯзона -4-9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф) дар назар аст.          

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.    

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +5+7. 


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.    

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +7+9.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона -1+1.


8 Феврал


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад, 9 феврал бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -7-12, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -21-26, рӯзона -4-9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.          

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0+5.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +14+16. 


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +7+9.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +8+10.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.