Cеминари сафорати ИМА барои афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Бахши ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо Маркази равобити шаҳрвандӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи ИМА омӯзишро оид ба мубориза алайҳи ифротгароии шадид ташкил намуд, ки дар он зиёда аз 20 афсари қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок дошта, ифротгароии шадиди диниро муҳокима кардаанд. Ин чорум давраи омӯзишӣ оид ба ин масъала дар ду соли охир мебошад. Тавре аз […]

ASIA-Plus



Бахши ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо Маркази равобити шаҳрвандӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи ИМА омӯзишро оид ба мубориза алайҳи ифротгароии шадид ташкил намуд, ки дар он зиёда аз 20 афсари қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок дошта, ифротгароии шадиди диниро муҳокима кардаанд. Ин чорум давраи омӯзишӣ оид ба ин масъала дар ду соли охир мебошад.

Тавре аз бахши иттилооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, коршиносон аз Амрико ин чорабинии чоррӯзаро гузаронда, ба афсарон дар омӯхтани роҳи таҳияи стратегияи ҷилавгирӣ ва мубориза зиди зӯроварии динӣ кӯмак намуданд. Ин семинар ба афсарон дар омӯхтани тарзи кор бо ҷомеаи динӣ ёрӣ расонд. Ҳамчунин иштирокчиён муфассал бо тартиби ҳамкории зич байни вазорату идораҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии мубориза алайҳи радикализми динӣ шинос шуданд.

Гуфта мешавад, бахши ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА омӯзишҳои мухталиф, муҷаҳҳазгардонӣ ва фаъолияти шарикона бо қувваҳои мусаллаҳу мақомоти амнияти Тоҷикистон татбиқ мекунад, аз ҷумла дар ҷодаи мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти сарҳад, фаъолияти сулҳҷӯёнаи СММ, кӯмаки башардӯстона, безараргардонии мина ва дигар самтҳо.

Бахши мазкур барномаи ҳамкории ҳарбии Фармондеҳии марказии ИМА-ро идора мекунад, ки омӯзиши мазкур низ аз шомили он аст, ва ҳар сол тақрибан 80 чорабинӣ дар Тоҷикистон ва ИМА баргузор мекунад. Аз соли 2003 Бахши ҳамкории ҳарбӣ тақрибан 200 миллион доллари ИМА-ро дар шакли кӯмаки ҳарбӣ барои Тоҷикистон ҳамоҳанг кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.