Бунёди маҷмааи универсалии варзишӣ дар пойтахт ба маблағи 600 млн. сомонӣ

Барои сохтмони маҷмааи универсалии варзишии «Пойтахт-90», ки сохтмонаш дар кӯчаи Карамов, рӯ ба рӯи боғи фарҳангу истироҳати «Пойтахт» ҷараён дорад, аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ аз буҷети шаҳри Душанбе ҳудуди 600 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод. Ба гуфтаи вай, барои сохтмонни […]

ASIA-Plus



Барои сохтмони маҷмааи универсалии варзишии «Пойтахт-90», ки сохтмонаш дар кӯчаи Карамов, рӯ ба рӯи боғи фарҳангу истироҳати «Пойтахт» ҷараён дорад, аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ аз буҷети шаҳри Душанбе ҳудуди 600 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, барои сохтмонни иншоот ҳудуди 10 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои Ростовгипрошахти Федератсияи Русия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузурги барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзишӣ обӣ ва ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд.

Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишианд, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон доранд. Аз ҷумла 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Қасри калони варзиши обӣ бошад дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.

Зимнан зикр гардид, ки анҷоми сохтмони маҷмааи универсалии варзишӣ дар давоми дуним соли минбаъда ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.