Таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар мубориза зидди ҷинояткорӣ

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағониро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ дар вохӯрӣ ҳамчунин Беҳзоди Рафеъӣ – вобастаи низомии сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва Саидмӯҳсин Рашид-ул-Исломӣ – мушовири сафир ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағониро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ дар вохӯрӣ ҳамчунин Беҳзоди Рафеъӣ – вобастаи низомии сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва Саидмӯҳсин Рашид-ул-Исломӣ – мушовири сафир ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм ва хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ табодули афкор намуда, қайд гардид, ки масъалаҳои зикргардида на танҳо Тоҷикистону Эрон, балки тамоми давлатҳои минтақаро ба ташвиш овардааст.

«Дар ин масоил Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Эрон равобити зичи ҳамкориҳоро роҳандозӣ намудаанд», – омадааст дар итттилои ВКД ҶТ.  

Зимнн зикр мегардад, ки дар хотимаи мулоқот тарафайн аз рушду нумӯъ ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.