Оғози фаъолияти ҳайати нозирони ИДМ дар Душанбе

Гурӯҳи аввали ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти сарварии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун имрӯз, 12-уми феврал ба Душанбе ташриф меорад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи асосии нозирони ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев роҳбарӣ мекунад, наздикиҳои санаи […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи аввали ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти сарварии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун имрӯз, 12-уми феврал ба Душанбе ташриф меорад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи асосии нозирони ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев роҳбарӣ мекунад, наздикиҳои санаи баргузории интихобот ба Душанбе меоянд.

«Ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) санаи 13-уми феврал ба кор шурӯъ намуда, фаъолияти худро 2-юми март ба итмом мерасонад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз КМИР Тоҷикистон дар маҷмӯз 131 нафар намояндагони Дафтари институтҳои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ДИДҲБ/САҲА/), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, ИМА, ИДМ ва Туркманистонро расман ба сифати нозирони байнулмилалӣ ба қайд гирифтааст.

Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона ширкат хоҳанд варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.