Суди олӣ шикояти адвокат Б.Ёровро нисбати КМИР баррасӣ мекунад

Суди олии Тоҷикистон имрӯз шикояти адвокат Бузургмеҳр Ёров нисбати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон иттилоъ дод, дар ҷаласаи рӯзи 12 феврал КМИР аризаи номзади пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон Бузургмеҳр Ёров аз ҳавзаи якмандатии интихоботии №8 Сомониро баррасӣ намуда, тасмим гирифт, […]

Аваз Юлдошев



Суди олии Тоҷикистон имрӯз шикояти адвокат Бузургмеҳр Ёров нисбати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон иттилоъ дод, дар ҷаласаи рӯзи 12 феврал КМИР аризаи номзади пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон Бузургмеҳр Ёров аз ҳавзаи якмандатии интихоботии №8 Сомониро баррасӣ намуда, тасмим гирифт, ки қарори қаблан қабулшуда дар бораи рад кардани сабти номзадии Б.Ёров бетағйир гузошта шавад.

Адвокат Бузургмеҳр Ёров санаи 14 январ ба ҳавзаи интихоботии зикршуда бо дархости сабти расмии номзадиаш ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муроҷиат намуд, аммо дар муҳлати муқарраршуда ба комиссияи интихоботӣ маълумотнома дар бораи амволро пешниҳод накарда, гаравпулии интихоботиро ҳам пардохт накард.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода муроҷиати Ёров ба суд аз рӯи ин масъаларо беасос номида, такроран изҳор намуд, ки адвокат ҳақиқатан ҳам ба комиссияи интихоботӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти расмӣ ба сифати номзадро пешниҳод накардааст. Абдуманнон Додозода имрӯз дар суд аз манфиатҳои КМИР ҳимоят хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.