Иштироки президент дар маҷлис бахшида ба солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки рӯзи 22 феврал дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни суханронӣ сарвари давлат назди сарбозону афсарон оид ба таҳкими мудофиаи кишвар вазифаҳои нав гузошта, […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки рӯзи 22 феврал дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни суханронӣ сарвари давлат назди сарбозону афсарон оид ба таҳкими мудофиаи кишвар вазифаҳои нав гузошта, ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбии пешқадам мукофотҳо тақдим мекунад.

Солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 23 феврал ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин ҷашн дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон имсол бидуни гузаштҳои низомӣ баргузор мешавад.

Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба муносибати ин ҷашн рӯзи 23 феврал дар тамоми қисмҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дастурхони идона ороста шуда, пешсафони хизмати ҳарбӣ бо мукофоту туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд. Санаи 21 феврал дар назди гулхани абадӣ дар боғи Ғалабаи пойтахт маросими гулчанбаргузорӣ аз ҷониби раҳбарияти Вазорати мудофиа доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.