Раиси ҲКТ: Парлумони иборат аз як фраксия пурсамар фаъолият карда наметавонад

– Ман ҳамчун раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), вакили палатаи поёнии парлумони кунунӣ, ки ваколаташ дар арафаи анҷомёбист, ба фаъолияти парлумони даъвати гузашта баҳри беҳбуди некӯаҳволии мардуми кишвар баҳои манфӣ дода наметавонам, – гуфт раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов. Ба гуфтаи ӯ, мушкилоти асосии парлумони гузашта дар он ифода меёфт, ки он танҳо аз як фраксияи […]

Аваз Юлдошев



– Ман ҳамчун раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), вакили палатаи поёнии парлумони кунунӣ, ки ваколаташ дар арафаи анҷомёбист, ба фаъолияти парлумони даъвати гузашта баҳри беҳбуди некӯаҳволии мардуми кишвар баҳои манфӣ дода наметавонам, – гуфт раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов.

Ба гуфтаи ӯ, мушкилоти асосии парлумони гузашта дар он ифода меёфт, ки он танҳо аз як фраксияи ҳизби ҳоким иборат буда, дигар намоляндагони аҳзоби сиёсии ба парлумон шомилгардида – ҲКТ, ҲНИТ, ҲАТ ва ҲИИТ бо сабаби танҳо ду вакилӣ доштан, наметавонистанд фраксияи худро ташкил кунанд.

Раиси ҲКТ зикр кард, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, барои таъсиси фраксия дар парлумон аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бояд ҳадди ақал ба 5 курсии вакилӣ соҳиб бошанд.

«Мавҷуд набудани дигар фраксияҳо дар парлумони гузашта чунин муҳитеро ба вуҷуд оварда буд, ки аксари лоиҳаи қонунҳо бидуни баррасии зарурӣ қабул гардида, тамоми пешниҳодоте, ки аз ҷониби ҳукумату президент ироа мегардид, бучуну чаро дастгирӣ мешуданд», – иброз дошт ӯ.

Дар идома ӯ қайд кард, ки ҳамчун сиёсатмадор ва вакил дар масъалаҳои сарнавиштсоз ҳамеша сиёсати раҳбарияти кишварро дастгирӣ мекунад, вале ҳамеша ҷонибдори баррасии дақиқу солимақлона ва интиқоди созанда боқӣ мемонад, ки на ҳамеша инҳоро парлумони гузашта ба инобат мегирифт.

«Худатон қазоват кунед, Карл Маркс «Капитал»-и худро чор маротиба дубора навишт, Антон Чехови бузург асарҳои безаволи худро то ҳафт бор дубора ислоҳу таҷдиди назар мекард», – таъкид дошт Шабдолов.

Дар фарҷом Шабдолов изҳори итминон кард, ки агар интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда мунсифона, демократӣ ва шаффоф баргузор гарданд, дар парлумони оянда якчанд фраксияҳо пайдо мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.