Сокини пойтахт ҳамзисташро дар заминаи рашк бераҳмона кушт

Субҳи рӯзи 6 март дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт ҷасади шаҳрванд Маҳина Амоншоеваи 52-сола, сокини ш. Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо гардани бурида дар дохили матои пашминии печонидашуда дарёфт гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, оиди ҳодисаи мазкур шаҳрвандон дарҳол ба мақомоти милитсия хабар дода, дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба кормандони оперативии […]

ASIA-Plus



Субҳи рӯзи 6 март дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт ҷасади шаҳрванд Маҳина Амоншоеваи 52-сола, сокини ш. Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо гардани бурида дар дохили матои пашминии печонидашуда дарёфт гардид.


Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, оиди ҳодисаи мазкур шаҳрвандон дарҳол ба мақомоти милитсия хабар дода, дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба кормандони оперативии мақамот муаяссар гардид, ки бо изи гармо-гармӣ шахси гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти мудҳиш шаҳрванд Убайд Эргашови 31-сола, сокини шаҳри Душанберо  дастгир намоянд.

Гуфта мешавад, далели шайъӣ корд дарёфт ва мусодира шуда, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда ҳамзисти зани марҳум буда, ҳодисаи рухдода дар заминаи рашк ба миён омадааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.