Умаралӣ Қувватов дар Истамбул ба хок супурда мешавад

Ҷасади Умаралӣ Қувватов, ки рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуд, имрӯз дар ин кишвар ба хок супурда мешавад. Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои наздикони марҳум, маросими намози ҷанозаи ӯ 9 март дар масҷиди Муҳаммад Фотеҳи Истамбул доир мешавад. Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, рӯзи 8-уми март ба радиои Озодӣ гуфтааст, […]

ASIA-Plus



Ҷасади Умаралӣ Қувватов, ки рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуд, имрӯз дар ин кишвар ба хок супурда мешавад.

Бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

бо такя ба гуфтаҳои наздикони марҳум, маросими намози ҷанозаи ӯ 9 март дар масҷиди Муҳаммад Фотеҳи Истамбул доир мешавад.

Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, рӯзи 8-уми март ба радиои Озодӣ гуфтааст, маъмурони амниятӣ ва беҳдоштии Туркия ба онҳо иҷоза додаанд, маросими ҷанозаи шавҳараш рӯзи 9-уми март дар яке аз масҷидҳои бузурги Истанбул бо номи Муҳаммад Фотеҳ баргузор шавад.

Қумриннисо Ҳафизова иброз доштааст, бо насиҳати рӯҳонии афғон Баҳодур Оғо, як сӯфии маъруф дар шаҳри Кобул, ки Умаралӣ Қувватов ӯро пири худ интихоб карда буд, онҳо ба қароре омаданд, ки шавҳарашро дар Туркия дафн кунанд: “Ӯ (Баҳодур Оғо) васият карда будааст, ки шавҳарамро дар Туркия дафн кунем. Мо намехоҳем, ки васияти пирашро дар замин монем. Чунки муҳаббати шавҳарам нисбати шайхе, ки аз ӯ дасти пир гирифта буд, зиёд буд. Шавҳари ман дар тариқат хизмати бисёр карда буд, ба дини Ислом бисёр эътиқоди сахт дошт.”

Ба гуфтаи Қумриннисо Ҳафизова, ҳукумати Туркия ҳам ба онҳо иҷоза додааст, ки шавҳарашро дар ин кишвар гӯр кунанд ва қитъаи замине ҳам барои дафн дар яке аз гӯристонҳо ҷудо кардаанд. Ба гуфтаи Қумринисо Ҳафизова, хоҳари калонии Умаралӣ Қувватов барои иштирок дар маросими дафни бародараш ба Туркия омадааст.

Қаблан ҳамсари Қувватов дар

мусоҳиба ба радиои «Озодӣ»

дар робита ба қахияи кушта шудани шавҳараш изҳор намуда буд, ки шавҳарашро дар пеши чашми фарзандони хурдсолаш куштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.