Рақобати наврасони Тоҷикистону Эрон дар бозии финалии мусобиқаи футбол дар Осака

Дар бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии футболи «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme» миёни наврасони синни таваллудашон на болотар аз соли 2000, ки имрӯзҳо дар шаҳри Осакаи Ҷопон ҷараён дорад, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон қувваозмоӣ мекунанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), аз рӯйи натиҷаҳои марҳилаи пешакӣ футболбозони навраси Тоҷкистон […]

ASIA-Plus



Дар бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии футболи «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme» миёни наврасони синни таваллудашон на болотар аз соли 2000, ки имрӯзҳо дар шаҳри Осакаи Ҷопон ҷараён дорад, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон қувваозмоӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), аз рӯйи натиҷаҳои марҳилаи пешакӣ футболбозони навраси Тоҷкистон дар гурӯҳи «А» ва футболбозони Эрон дар гурӯҳи «Б» зинаҳои аввалро касб намуда, акнун рӯзи 29 март (оғози бозӣ – соати 07-40 ба вақти Душанбе) дар вохӯрии финалӣ ғолиби мусобиқаро муайян мекунанд. Барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Қирғизистон қувваозмоӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, тибқи регламенти мусобиқа бозиҳои даври финалӣ дар ду қисм ба муддати 30-дақиқагӣ ҳар кадоме гузаронида мешаванд. Дар сурати натиҷаи мусовӣ, вақти зиёдатӣ илова нашуда, зарбаҳои 11-метра ғолибро муайян хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.