Пирӯзии варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо

Самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо «Мемориали Анатолий Харлампиев» дар шаҳри Маскав пирӯзӣ ба даст овард. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 62 кило ӯ бар варзишгари қазоқ Йессет Куанов дастболо шуд. Дар ин мусобиқа беш аз 300 нафар самбочиён аз 35 кишварҳои дунё, аз қабили Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Булғористон, […]

ASIA-Plus



Самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо «Мемориали Анатолий Харлампиев» дар шаҳри Маскав пирӯзӣ ба даст овард. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 62 кило ӯ бар варзишгари қазоқ Йессет Куанов дастболо шуд.

Дар ин мусобиқа беш аз 300 нафар самбочиён аз 35 кишварҳои дунё, аз қабили Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Булғористон, Олмон, Юнон, Гурҷистон, Ирландия, Испания, Ҳиндустон, Италия, Исроил, Латвии, Молдова, Русия, Руминия, Сербия, Туркия, Фаронса, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Корея, Ҷопон, Тоҷикистон, Туркманистон, ИМА, Тунис ва ғайра ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки соли 1983 ин мусобиқа дараҷаи «А»-ро касб намуд, яъне барои ғалаба ба варзишгарон унвони устоди варзиши сатҳи байнулмилалӣ дода мешавад.

Хушқадам Хусравов соли 2014 унвони қаҳрамони Осиё ва медали нуқраи мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба самборо ба даст овард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.