Ниммарафони Душанбе бидуни пирӯзии варзишгарони маҳаллӣ анҷом ёфт

Дар Ниммарафони 6-уми байнулмилалӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, миён мардон варзишгари русиягӣ аз шаҳри Самара Юрий Чечун ғалаба ба даст овард. Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ниммарафон ба масофаи қариб 22 километр Чечун зинаи аввал, Андрей Петров […]



Дар Ниммарафони 6-уми байнулмилалӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, миён мардон варзишгари русиягӣ аз шаҳри Самара Юрий Чечун ғалаба ба даст овард.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ниммарафон ба масофаи қариб 22 километр Чечун зинаи аввал, Андрей Петров (Ӯзбекистон) – зинаи дуюм, Вайтака Самуэл (Кения) – зинаи сеюм, Степан Киселев (Русия) – зинаи чорум, Муго Энтони (Кения) – зинаи панҷум ва Иля Петкин (Қирғизистон) – зинаи шашумро ишғол намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ниммарафон миёни занон варзишгари русиягӣ Юлия Чиженко аз шаҳри Санкт-Петербург пирӯзӣ ба даст оварда, Марина Химелевская (Ӯзбекистон) – ҷойи дуюм, Жаннатбек Гулжанат (Қазоқистон) – ҷойи сеюм, Катя Фатеева (Русия) – ҷойи чорум, Ираида Александрова (Русия) – ҷойи панҷум ва Зайнаб Мансурӣ (Эрон) – ҷойи шашумро касб намуданд.

Ёдрас мекунем, ки барои баргузории ин чорабинӣ мақомоти шахрдории Душанбе зиёда аз 202 ҳазор сомонӣ (беш аз 40 ҳазор доллари ИМА) маблағ ҷудо намуда, ғолибон (ҳам байни мардону ҳам байни занон) бо 3,5 ҳазор, варзишгарони ҷойи дуюмро ишғолкарда ҳар кадоме бо 3 ҳазор, ҷойҳои сеюм – 2,5 ҳазор, чорум – 2 ҳазор, панҷум – 1,8 ҳазор ва варзишгарони ба мақоми шашум дастёфта бо 1,5 ҳазор оллари ИМА мукофотпулиҳо қадрдонӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ниммарафони соли гузашта низ тамоми зинаҳои аввалро варзишгарони хориҷӣ касб намуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.