Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии зидди мухаддироти Ашқобод

Рӯзи  4 май дар шаҳри Ашхобод Вохӯрии Нӯҳуми кишварҳои аъзои Ёддошти Ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар кори худро оғоз намуд, ки дар кори он намояндагони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Россия иштирок менамоянд. Инчунин ба вохӯрӣ роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони кишварҳои нозир ва маблағгузорони Маркази […]

ASIA-Plus



Рӯзи  4 май дар шаҳри Ашхобод Вохӯрии Нӯҳуми кишварҳои аъзои Ёддошти Ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар кори худро оғоз намуд, ки дар кори он намояндагони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Россия иштирок менамоянд.

Инчунин ба вохӯрӣ роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони кишварҳои нозир ва маблағгузорони Маркази Минтақавии Иттилоотии Ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо даъват гардиданд.

Тавре дафтари матбуоти Агентии зидди мухаддироти ҶТ иттилоъ медиҳад,Тоҷикистонро дар вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии ҶТ С. Аслов, Ддректори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода, муовини вазири адлия Ш. Нодирӣ, сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ М. Малахов намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ худ директори Агентӣ Р. Назарзода қайд намудааст, ки дар Осиёи Марказӣ гурӯҳҳои трансмиллӣ саъю кӯшиш намуда истодаанд, ки бозори фурӯши маводи нашъаоварро васеътар намоянд. Солҳои охир тамоюли интиқоли маводи нашъаовар бар хилофи “хатсайри шимолӣ” тавассути шимоли Эрон ва кишварҳои Кавказ ба Аврупои Ҷанубу Шарқ ва Россия аз рӯи хатсайри ба ном “Шимоли баҳри Сиёҳ” мушоҳида мегардад. Дар ин бора мусодираи маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон дар кишварҳои хатсайр шаҳодат медиҳад.

Гуфта мешавад, директори Агентӣ оиди масъалаҳои тақвият бахшидан ба назорати минтақавӣ аз болои ҳаракати прекурсорҳо аз кишварҳои истеҳсолкунанда то Афғонистон сухан намуда, қайд кард, ки ба кори Маркази Минтақавии Иттилоотии Ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ вусъат бахшидан лозим аст. Инчунин барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ муҳокима гардид, ки бюджети умумии он 70 миллион долларро ташкил менамояд.

Ҳамчунин қайд гардидааст, ки барои созмон додани системаи самараноки муқобилат ба ҷинояткории муташаккил ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани сарҳад ва тақвият бахшидан ба қатъ гардонидани интиқоли маводи нашъаовар, саъю кӯшишҳои идораҳои зиддимухаддиротиро муттаҳид намудан лозим аст.

Зимнан зикр мегардад, ки имрӯз, 5 май вохӯрӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷӣ идома меёбад.

Қобили зикр аст, ки “Ёддошти ҳусни тафоҳум” соли 1996 дар шаҳри Тошканд байни ҳукуматҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ба имзо расида буд. Соли 1998 ба он Россия ва Фонди Оғохон, соли 2001 Озарбойҷон дохил шуданд. Ҳамин тариқ, имкониятҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар васеътар гардиданд. Ёддошти ҳусни тафоҳум ба як маҷлисгоҳи бузург барои муҳокимаи ташаббусҳои минтақавӣ дар соҳаи ҳамкорӣ табдил ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.