Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин ва кормандони мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷаласаи васеъ доир намуд, ки дар он муовинони тозатаъини раиси пойтахт муаррифӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шахрдории пойтахт, дар ҷаласа ба фаъолони пойтахт оид ба як идда тағйироти кадрии дар асоси фармонҳо ва мувофиқаи президенти мамлакат ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар сатҳи роҳбарияти шаҳр, ноҳияҳо ва сохторҳои шаҳрӣ суратгирифта иттилоъ дода шуд, ки мутобиқ ба он Расулов Ашӯрбек Раҳматуллоевич – муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Лангариева Ҷамила Салмоновна, Самадов Шакарбек Додхоевич ва Мақсудзода Шӯҳрат муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва Алиев Саиднуриддин Акрамович – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Табаров Ҷамшед Авзалович – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Сиёмардзода Сайдамир – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур, Иброҳимов Тӯрахон Тағоевич – раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва Қурбонов Нуриддин Буриевич –сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроия ва намояндагии шаҳри Душанбе дар расми тантанавӣ собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Руқия Атоевна ва раиси ноҳияи Сино – Сафаров Зафар Абдуллоевичро барои хизмати шоиста дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаҳои шаҳри Душанбе ва мукофотҳо қадрдонӣ намуд.






