Сардори яке аз дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 2042 отряди 14-уми сарҳадии Раёсати қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд боздошт шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, афсари марзбон баъди гирифтани 2 ҳазору 700 сомонӣ ба сифати пора дастгир шудааст.
«Номбурда барои гузаштани мошинҳои боркаши ҶДММ «Куруш 2014», ки қум ва шағал мекашидан барои иҷозат додан аз шаҳрванд «Н», ки шахси масъули ҶДММ «Куруш 2004» мебошад, дар марҳилаи аввал 100 литр бензини тамғаи «92» ба маблағи 430 сомонӣ ва маблағи нақдии 460 сомониро, ба сифати пора талаб намуда гирифта, баъдан барои дубора иҷозат додан ба мудати як моҳ барои ҳар як рӯзаш 90 сомонӣ, ки ҷамъ маблағи 2700 сомониро ташкил медиҳад ба сифати пора талаб намудааст», – омадааст дар хабари Агентии зиддифасод.
Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбати гумонбаршуда бо моддаи 319 кисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.






