Медали тиллои гуштигири навраси тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо

Гуштигири навраси тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи дзюдо миёни наврасони соли таваллуди 1998-1990, ки рӯзҳои 9-10 май дар Руминия баргузор шуд, ба дарёфти Ҷоми Аврупо ва медали тиллои ин мусобиқа шарафёб гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти КУмитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Х.Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Ричард Вакзулик […]

ASIA-Plus



Гуштигири навраси тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи дзюдо миёни наврасони соли таваллуди 1998-1990, ки рӯзҳои 9-10 май дар Руминия баргузор шуд, ба дарёфти Ҷоми Аврупо ва медали тиллои ин мусобиқа шарафёб гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КУмитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Х.Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Ричард Вакзулик (Маҷористон), Александр Крсманович (Босния ва Ҳерсеговина) ва Владимир Костик (Сербия)  ба финал баромада, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кристоф Фабос аз Маҷористон пирӯз шуд ва барои ҷойи аввал бо Ҷоми Аврупо ва медали тилло сарфароз гашт.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа ба ҷуз Хуршед Маҷидов Тоҷикистонро боз ду гуштигири ҷавон намояндагӣ карданд. Ҷамолиддин Абдуллоев дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди се пирӯзӣ бар Харалампос Зинонос  (Кипр), Лукас Саҳа  (Финляндия) ва Бернат Мезел (Маҷористон) дар даври баъдӣ аз Эндре Гуникс (Маҷористон) мағлуб гашт. Баъдан ӯ бар Берат Кимок (Туркия) ва Марко Гусик (Монтенегро) ғолиб омад. Вале Ҷамолиддин барои ҷойи сеюм аз Лука Каггиано (Италия) шикаст хӯрд ва дар натиҷа соҳиби мақоми панҷум шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), ки дар даври аввал бар Павел Марин (Кипр) ғолиб омад, дар даври дувум аз Сезар Зелли (Италия) мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои медал бенасиб монд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Руминия 484 варзишгар (292 писар ва 192 духтар) аз 28 кишвар иштирок дошт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Украина бо касби 9 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Маҷористон (3-1-3) ҷойи дувум ва мунтахаби Руминия (3-1-1) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло ва як ҷойи панҷум дар байни 21 кишвар дар ҳисоби умумидастаӣ ҳафтум ва дар сабқати писарон панҷум шуд.

Ёдрас мешавад, ки Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон, ки рӯзҳои 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуда буд, соҳиби медали нуқра гардидааст.  Вай дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон) ва Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия)  ба финал баромад. Вале Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маркази тиҷоратӣ ба ҷои “Зелёний бозор”. Онро кӣ месозад ва чӣ гуна хоҳад буд?

Ширкати “Сool Design” тарҳи Маркази тиҷоратӣ ва савдо, ки дар ҷои бозори пешини “Шоҳмансур”, маъруф ба “Зелёний бозор” сохта мешавад, нашр кард. Яке аз...

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.