Туркманҳо ба бозӣ бо «Истиқлол» 16 бозигар оварданд

Рӯзи 10 май дастаи “Аҳал”-и Туркманистон ҷиҳати иштирок дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ба шаҳри Душанбе омад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе витсе-чемпиони Туркманистонро ҳайати намояндагии клуби футболи “Истиқлол” истиқбол кард. Баъди гузаштани назоратҳои шиносномавӣ дастаи футболи “Аҳал” […]

ASIA-Plus



Рӯзи 10 май дастаи “Аҳал”-и Туркманистон ҷиҳати иштирок дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ба шаҳри Душанбе омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе витсе-чемпиони Туркманистонро ҳайати намояндагии клуби футболи “Истиқлол” истиқбол кард. Баъди гузаштани назоратҳои шиносномавӣ дастаи футболи “Аҳал” дар меҳмонхонаи “Тоҷ Палас” ҷойгир карда шуд. Ситоди мураббиёни “Аҳал” ба бозӣ бо чепиони мо бо худ 16 бозигарро ҳамроҳ овардаст.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол” ва “Аҳал” рӯзи чоршанбеи 13 май, соати 20.45  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки қабл аз бозии охири давраи гурӯҳӣ дастаи “Истиқлол” соҳиби 8 имтиёз буда, барои дарёфти роҳхат ба даври минбаъда мусовӣ дар ин бозӣ барояш басанда аст. Дар вохӯрии аввал миёни ин дастаҳо дар Ашқобод футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2 бар 1 бар соҳибони майдон дастболо шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.