ҲДТ дубора ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ баргаштанист

Имрӯз, 26 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди президенти ҶТ доир мегардад, ки дар он дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамчунин аризаи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар бораи дархости дубора ба ҳайати Шӯро баргаштан низ баррасӣ мешавад. Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз, 26 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди президенти ҶТ доир мегардад, ки дар он дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамчунин аризаи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар бораи дархости дубора ба ҳайати Шӯро баргаштан низ баррасӣ мешавад.

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз барои муттаҳид сохтани талошҳои тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ, оид ба баргаштани ҳизб ба ҳайати Шӯрои мазкур тасмим гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ таъкид дошт, ки пешниҳоди ҳизб аз 28 майи соли 2013 оид ба табдили Шӯрои ҷамъиятии мазкур ба Шӯрои машваратии назди президенти ҶТ аз ҷониби аксари аҳзоби сиёии кишвар дастгирӣ наёфт. «Замоне, ки аксарият муқобиланд, мо назари онҳоро ба инобат мегирем», – қайд кард С.Исмонов.

Шӯрои ҷамъиятии назди президенти ҶТ ҳанӯз соли 1994 таъсис дода шуда, ба ҳайаташ беш аз 70 созмону ташкилотҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ шомиланд. Раиси Шӯро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин ягона мақомоте буд, ки ба ҳайаташ ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ шомил буданд. Ахиран ба нишони эътироз аз тақаллубкориҳо дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аз ҳайати Шӯро хориҷ шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио