Ҷаласаи навбатии муштараки коллегияи ВКД Тоҷикистону Русия дар Сочи

Баргузории ҷаласаи навбатии муштараки ҳайати мушовара(коллегия)-и Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аввали моҳи август дар шаҳри Сочии Русия ба нақша гирифта шудааст. Аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷаласаи муштараки ҳайати мушовара таҳти раёсати вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ, […]

Аваз Юлдошев



Баргузории ҷаласаи навбатии муштараки ҳайати мушовара(коллегия)-и Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аввали моҳи август дар шаҳри Сочии Русия ба нақша гирифта шудааст.

Аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷаласаи муштараки ҳайати мушовара таҳти раёсати вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳамкории муштараки вазоратҳо дар мубориза бо терроризм ва ифротароии байнулмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва  муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, намояндагони ВКД Тоҷикистон ҳамчунин бо муҳоҷирони кории тоҷики машғули кор дар шаҳри Сочи як силсила вохӯриҳо барпо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи пешини муштараки ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд доир гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.