Кумаки сафорати ИМА ба таъмири мактаб дар Исфара

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими ифтитоҳи ошёнаи сеюми таъмиршудаи мактаби миёнаи рақами 39-и ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ширкат варзид. Тавре аз намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафорати ИМА аз соли 2011 бо роҳбарияти ноҳияи Исфара дар масъалаи таъмири мактаби миёнаи рақами 39 ва барои таъмини кӯдакон бо имкониятҳои беҳтари […]

ASIA-Plus



Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт дар маросими ифтитоҳи ошёнаи сеюми таъмиршудаи мактаби миёнаи рақами 39-и ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ширкат варзид.

Тавре аз намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафорати ИМА аз соли 2011 бо роҳбарияти ноҳияи Исфара дар масъалаи таъмири мактаби миёнаи рақами 39 ва барои таъмини кӯдакон бо имкониятҳои беҳтари донишомӯзӣ ҳамкории зич дошт. Ошёнаи сеюми таъмиршуда ғунҷоиши мактабро афзун хоҳад кард. Ин таъмир ба талабагон имконияти хондани дарс дар синфхонаҳои сифатбаланд медиҳад ва боз як мисоли ҳамкории пойдори Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Точикистон мебошад.

Мактаби миёнаи рақами 39 аз 30 синфхона иборат буда, дар он 642 хонанда таҳсил мекунанд. Қисми таъмиршуда пурра бо мизҳои дарсӣ ва тахтаҳои синфӣ таъмин шудааст. Гурӯҳ оид ба корҳои шаҳрвандии Сафорати ИМА, ки барои рушди маорифу тандурустӣ кӯмак мерасонад, лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ намудааст.

Ҳукумати ИМА бо ифтихор Ҳукумати Тоҷикистонро барои вусъат додани дастрасӣ ба маълумоти ибтидоӣ дастгирӣ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио