Кобулов: Аксари ҷангиён дар шимоли Афғонистон тоҷикону қирғизҳо ва ӯзбеконанд

Намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов кӯшиши убури марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҷониби ҷангиёнро аз эҳтимол дур намедонад. «Маълумоте мавҷуд аст, ки як қатор гурӯҳҳои ифротгаро бо шумули Толибону Давлати исломӣ дар ин минтақаҳо марказҳои омодагии ҷангиён ташкил кардаанд. Амалан имрӯз ду макони тамаркузи зиёди ифротгароён вуҷуд дорад, ки яке дар музофотҳои Бадахшону […]

Лилия Гайсина



Намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов кӯшиши убури марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҷониби ҷангиёнро аз эҳтимол дур намедонад.

«Маълумоте мавҷуд аст, ки як қатор гурӯҳҳои ифротгаро бо шумули Толибону Давлати исломӣ дар ин минтақаҳо марказҳои омодагии ҷангиён ташкил кардаанд. Амалан имрӯз ду макони тамаркузи зиёди ифротгароён вуҷуд дорад, ки яке дар музофотҳои Бадахшону Қундуз ва дигарӣ дар музофотҳои Бодғису Фарёб амал мекунад», – гуфт ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Дар ҳамин ҳол, З.Кобулов таъкид дошт, ки ҷангиёни мустақар дар ин музофотҳо ба гурӯҳҳои гуногуни этникӣ шомил буда, вале аксаран тоҷикону қирғизҳо ва ӯзбеконанд ва ҳамчунин арабҳову уйғурони чинӣ ва зодагони Қафқози Шимолӣ низ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи ӯ, ахири моҳи апрел вазъ дар Қундуз шиддат гирифта, толибон кӯшиш карданд, ки маркази маъмуриро ишғол намуда, як қатор қитъаҳои роҳи мошингарди пайвасткунандаи музофот бо Кобулро зери назорат гиранд.

«Дар партави ин ҳодисаҳо сурат гирифтани кӯшишҳои убури марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонам, аммо мутмаинам, ки раҳбарияти ин давлатҳо ба ин гуна сенарияҳо омода буда, аллакай як қатор тадбирҳои муайяни боздоранда рӯйи кор гирифт. Чунин тадбирҳо ҳамчунин дар шакли дастаҷамъона, аз ҷумда дар доираи СААД низ андешида мешаванд», – изҳор дошт З.Кобулов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.