Ба БМТ муносибати бештар эҳтиёткорона нисбати захираҳои тиллову асъорро тавсия медиҳанд

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки дахолат (интервенсия) ба бозори асъор танҳо бо воситаҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба калавиши беҳад зиёд дар он маҳдуд карда шавад. Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки тадбирҳо оид ба пешгирии беқурбшавии минбаъдаи арзи миллӣ аллакай захираҳои тиллову асъори дар сатҳи паст қарордоштаи кишварро […]

Пайрав Чоршанбиев



Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки дахолат (интервенсия) ба бозори асъор танҳо бо воситаҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба калавиши беҳад зиёд дар он маҳдуд карда шавад.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки тадбирҳо оид ба пешгирии беқурбшавии минбаъдаи арзи миллӣ аллакай захираҳои тиллову асъори дар сатҳи паст қарордоштаи кишварро хеле кам кардаанд.

Дар

гузориши

рӯзи 25 май дар бораи вазъи иқтисоди Тоҷикистон нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита зикр мегардад, ки ба санаи 12 марти соли равон маҷмӯи захираҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ 465 млн. доллари ИМА ё худ ҳудуди 1,1 моҳи таъминоти воридотиро ташкил додаанд.

«Аз 1 январи соли 2015 захираҳо дар ифодаи номиналӣ қариб 12% афзуда, ба ҳар ҳол, дар натиҷаи амалиёти дахолат ба бозор, соли 2014 ҳукумат тибқи арзёбиҳо 140 млн. доллари ИМА маҷмӯи захираҳо ва давоми 2 моҳи соли 2015 боз 17 млн. доллари ИМА-ро талаф додааст», – қайд мешавад дар гузориш.

Коршиносони бонк дар гузориш таъкид месозанд, ки «то замони тасҳеҳи комили қурби мубодилашаванда, устуворкунии он мушкил гардида, тағйирёбии беҳад зиёди нархҳо хатари асосӣ боқӣ мемонад ва захираҳо минбаъд низ коҳиш меёбанд».

«Барои таъмини кори муътадили бозори асъор ва драёфти тавозуни баробари қурби мубодилашаванда, коршиносони бонк даст кашидан аз назорати маъмуриву таҷрибаи истифодаи қурбҳои сершумори мубодила ва маҳдуд кардани дахолат танҳо бо воситаҳои зарурӣ барои роҳ надодан ба калавиши беҳад зиёдро тавсия медиҳанд», – зикр мегардад дар гузориш.

Ҳамчунин дар гузориш таъкид мешавад, ки соли 2014 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 11% ва давоми семоҳаи аввали соли равон боз ба андозаи 9% поин рафт.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, барои устувор нигоҳ доштани вазъи бозори молиявӣ, Бонки миллӣ ҳамарӯза 1,5 – 3 млн. доллари ИМА-ро ба фурӯш мебарорад.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл Бонки миллии Тоҷикистон

иттилоъ дод,

ки ҳаҷми захираҳои тиллову асъор давоми 4 моҳи соли равон ба миқдори зиёда аз 20 млн. доллари ИМА афзуда, ба ҳолати 30 апрели соли 2015 ҳаҷми захираҳои тиллоию асъории Бонки миллии Тоҷикистон беш аз 3 млрд 151 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин ба 503,52 млн. долл. ИМА баробар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио