Раиси пойтахт сокинони мушкилашон дар сатҳи муовинон ҳалношударо қабул мекунад

Дар машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахт, ки рӯзи 25 май таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид, ба масъалаи нодида гирифтани муроҷиат ва арзу шикояти сокинони пойтахт аз ҷониби мансабдорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, раиси пойтахт ба муовинони худ […]

Аваз Юлдошев



Дар машварати кории мақомоти шаҳрдории пойтахт, ки рӯзи 25 май таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид, ба масъалаи нодида гирифтани муроҷиат ва арзу шикояти сокинони пойтахт аз ҷониби мансабдорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, раиси пойтахт ба муовинони худ дастур додааст, ки ҳамарӯза дар рӯзҳои корӣ аз соати 17 то 19 сокинони шаҳрро, ки нисбати шаҳрдорӣ арзу шикоят ва пешниҳоду эътирозҳо доранд, қабул намуда, ба онҳо расидагӣ кунанд.

Ба иттилои манбаъ, аз 1 июн рӯзҳои шанбеи ҳафта раиси шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро, ки мушкилашон дар сатҳи муовинонаш ва раисони ноҳияҳо ҳал нашудааст, ба ҳузур мепазирад.

Зимнан зикр гардид, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамзамон ба муовинонаш ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки ҳамарӯза аз соати 6 то 8-и субҳ ба хотири воқиф будан аз мушкилот, қаламрави таҳти масъулияташон қарордоштаи шаҳрро гаштугузор ва дида бароянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.