Нӯшокии «Оби Зулол» ба бозори Кувайт роҳ ёфтанист

Нӯшокиҳои истеҳсолкардаи ҶСП «Оби Зулол» ба бозори Кувайт ворид карда мешаванд. Рӯзи 10 июн дар бораи таҳвили нӯшокиҳо ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд. Раиси Шӯрои мудирони ҶСП «Оби Зулол» Рустам Болтаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз моҳи июл 10 контейнер нӯшокӣ ва об ҳар моҳ ба Кувайт содирот мешаванд, ки ҳудуди 20 […]

Меҳрангез Турсунзода



Нӯшокиҳои истеҳсолкардаи ҶСП «Оби Зулол» ба бозори Кувайт ворид карда мешаванд. Рӯзи 10 июн дар бораи таҳвили нӯшокиҳо ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд.

Раиси Шӯрои мудирони ҶСП «Оби Зулол» Рустам Болтаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз моҳи июл 10 контейнер нӯшокӣ ва об ҳар моҳ ба Кувайт содирот мешаванд, ки ҳудуди 20 тоннаро ташкил медиҳанд.

«Аз лиҳози хусусиятҳои физикӣ ва кимиёвӣ маҳсулоти мо бешубҳа дар ин бозор ҷойи худро меёбад. Ин бозор ҳамчунин бо дигар маҳсулоти хушсифат таъмин аст. Гап сари он аст, ки то куҷо мо ин иқдомро аз нигоҳи бозорёбӣ (маркетинг) дастгирӣ карда метавонем, чунки сари ин масъала мо бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ имкони рақобат надорем», – қайд кард Болтаев.

Ба қавли номбурда, алҳол мақсад аз қарордоди мазкур ба даст овардани фоида набуда, асосаш он аст, ки маҳсулот дар бозори Кувайт ҷойи худро пайдо намояд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ҶСП «Оби Зулол» ҳамроҳ бо «Тоҷпромбонк» ба сохтмони як корхона дар шаҳри Душанбе идома медиҳад ва эҳтимол аллакай моҳи оянда корҳои озмоишӣ дар он ба итмом расанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон маҳсулоти ҶСП «Оби Зулол» ба Қазхоқистон содирот мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.