Дастаҳои иштирокчии бозиҳои нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон муайян шуданд

Ҳамаи 4 дастаи иштирокчии бозиҳои нимфиналии Ҷом футболи Тоҷикистон-2015 муайян шуданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар се бозии ҷавобии боқимонда  «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ вохӯрӣ бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро мусовӣ 0 бар 0 анҷом дода, чун дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омада буд, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт. Дастаи […]

ASIA-Plus



Ҳамаи 4 дастаи иштирокчии бозиҳои нимфиналии Ҷом футболи Тоҷикистон-2015 муайян шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар се бозии ҷавобии боқимонда 

«Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ вохӯрӣ бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро мусовӣ 0 бар 0 анҷом дода, чун дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омада буд, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт.

Дастаи «Барқи тоҷик» дар майдони худ аз тими КМВА»Помир» бо ҳисоби калони 1 бар 5 шикаст хӯрда, аз ҳаққи иштирок дар даври дигар маҳрум шуд. Дар бозии аввали ин дастаҳо низ КМВА «Помир» бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуда буд.

Бозии дастаи лигаи аввал – «Саройқамар»-и Панҷ бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Фархор мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфта, «Регар-ТадАЗ» аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал бо ҳисоби 3 бар 0 соҳиби роҳхат ба бозиҳои нимфиналӣ гардид.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар вохӯрии ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар сафар бозиро бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд мусовӣ (0:0) анҷом дода ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, зеро дар бозии аввал бо ҳисоби 6 бар 1 дастболо шуда буд.

Ҳамин тариқ дар вохӯриҳои нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 «Истиқлол» бо «Равшан» ва КМВА «Помир» бо «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали нимфиналӣ рӯзҳои 19-20 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30 сентябр-1 октябр доир мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.