Имзои 2 лоиҳаи муштараки нави Ҷопон дар Душанбе

Рӯзи 27 августи соли 2015 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки 2 лоиҳаи навин дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Такаши Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расиданд. Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 27 августи соли 2015 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки 2 лоиҳаи навин дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Такаши Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расиданд.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) 2 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешаванд:

«Лоиҳаи барқарорсозии бинои маркази саломатии ноҳияи Рушон» бо ҷ-би Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рушон ба маблағи 86,103 доллари ИМА ба имзо расид.

«Лоиҳаи таъмири бинои асосӣ ва сохтмони бинои иловагӣ ба маркази саломатии ноҳияи Мурғоб» бо ҷ-би Мирзабай Ҷошбаев, раиси ноҳияи Мурғоб бо маблағи умумии 88,849 доллари ИМА тасвиб гардид.

Дар маросими ба тасвиб расонидани лоиҳаҳои мазкур, Такаши Камада суханронӣ намуда қайд кард, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт. Лоиҳаҳои GGP дар саросари кишвар барои пешбурди кор дар самтҳои инфрасохтор, маориф, хизматрасонии тиббӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ амалӣ мегарданд.

Дар вақти маросим, Сафир ҳамчунин қайд намуд, ки «ин лоиҳаҳо дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим мебозанд ва ман аз намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо хоҳиш мекунам, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа тавассути лоиҳаҳои мазкур ӯҳдадории қавиро зоҳир намоянд”.      

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.