Боздошти 2 сокини пойтахт бо як миқдор маводи мухаддири синтетикӣ

Ахири ҳафтаи гузашта кормандони милитсия ду сокини шаҳри Душанбе, мардони 26 ва 33-соларо бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 884 грамм маводи нашъадори афюн ва 205-дона ҳабҳои “МДМА”, ки вазни умумиашон 44,0 граммро ташкил медиҳанд, дарёфт ва […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта кормандони милитсия ду сокини шаҳри Душанбе, мардони 26 ва 33-соларо бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 884 грамм маводи нашъадори афюн ва 205-дона ҳабҳои “МДМА”, ки вазни умумиашон 44,0 граммро ташкил медиҳанд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуда, дар вақти азназаргузаронии манзилӣ истиқоматии гумонбаршуда 711-грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.