ФАО поинравии нархи ғизоро дар давраи дарозмуҳлат пешгӯӣ мекунад

Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар бораи поинравии нархи ғизо ва тағйирёбии нархҳо ба маҳсулоти асосии кишоварзӣ маълумот медиҳад. «Маҳсулоти кишоварзӣ давраи нархҳои паст ё бештар устуворро паси сар мекунанд», – гуфта мешавад дар «Пешгӯии ғизои ФАО» , ки санаи 8 октябр интишор шудааст. Қайд мешавад, ки баъди чандин маротиба болоравии нархҳо аз соли […]

ASIA-Plus



Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар бораи поинравии нархи ғизо ва тағйирёбии нархҳо ба маҳсулоти асосии кишоварзӣ маълумот медиҳад.

«Маҳсулоти кишоварзӣ давраи нархҳои паст ё бештар устуворро паси сар мекунанд», – гуфта мешавад дар

«Пешгӯии ғизои ФАО»

, ки санаи 8 октябр интишор шудааст.

Қайд мешавад, ки баъди чандин маротиба болоравии нархҳо аз соли 2007 то аввали соли 2011, нархҳо ба аксари зироати ғалладона ва равғанҳои растанӣ тамоили устуворӣ ва поинравиро нишон медиҳанд.

Сабабҳои инро таҳлилгарони ФАО ба сатҳи баланди захирахои ғизо, босуръат коҳишёбии нархҳо ба нафт ва болоравии қурби доллари ИМА, ки дар ояндаи наздик аз байн намераванд, нисбат додаанд, ҳарчанд дигаргуниҳои ғайримунтазира, аз қабили обуҳавои номусоидро низ метавон интизор шуд.

Пешгӯии нархҳо ба гурӯҳҳои гуногуни маҳслуоти ғизойӣ аз ҳамдигар фарқ дорад. Нархҳо ба шолӣ сарфи назар аз дигар зироати ғалладона тағйир меёбанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки нархҳо ба шакар ҳамеша ноустувор боқӣ мемонанд. Нархҳо ба гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ба таъсири тамоилҳои умумӣ вобастаанд.

Поинравии нархҳо ба зироати ғалладона дар натиҷаи ҳосили хуби чандинсола дар ҷаҳон ва ҳамчунин афзоши захирахо то сатҳи рекордӣ идома меёбад. Мутобиқи пешгӯии

«Маълумот дар бораи дархост ба зироати ғалладона ва пешниҳоди зироати ғалладона

», ба охири мавсими соли 2016 захираҳои ҷаҳонии зироати ғалладона 638 млн. тоннаро ташкил хоҳанд дод, ки нисбат ба сатҳи аввали мавсим 4 млн. тонна бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, дурнамои истеҳсоли зироати ғалладона дар соли равон то 2534 млрд. тонна коҳиш ёфт, ки нисбат ба дурнамои моҳи гузашта 6 млн. тонна ва дар муқоиса ба сатҳи рекордии соли 2014 ба андозаи 0,9% камтар аст, ки сабабаш асосан поинравии сатҳи истеҳсоли ҷуворимакка дар ИМА унвон мешавад. Нархҳо ба ҷуврримакка аз моҳи июли соли 2012 ду баробар коҳиш ёфтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.