Қаноатмандии БМТ аз фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон

Дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо муовини сардори Шуъбаи баҳодиҳии таҳлилӣ ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ҷаноби Леонард Кайт масъалаҳои сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн ва дурнамои рушди он баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, мулоқот ба масъалаҳои муҳими омӯзишию тадқиқотӣ, аз қабили муайян намудани […]

ASIA-Plus



Дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо муовини сардори Шуъбаи баҳодиҳии таҳлилӣ ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ҷаноби Леонард Кайт масъалаҳои сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн ва дурнамои рушди он баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, мулоқот ба масъалаҳои муҳими омӯзишию тадқиқотӣ, аз қабили муайян намудани нақши Намояндагии доимии БАТР дар ҷумҳурӣ ва мусоидати он ба бахши тиҷорату мақомоти давлатӣ, сабабҳо ва усулҳои ҳамкорӣ бо бонки номбурда, самаранокии фаъолияти БАТР дар маҳалҳо, саҳми он дар рушди мамлакат ва фарқи он назар ба дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ки кишвари мо фаъолият доранд, бахшида шуд.

Дар идомаи мулоқот муовини якуми раиси Ҷ.Нуралиев иброз намуд, ки БМТаз фаъолияти Намояндагии доимии БАТРдар Душанбе қаноатманд аст, зеро тайи солҳои тӯлонӣ бонки мазкур бо Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, молиявӣ ва хусусӣ саҳми босазо гузоштааст. Ҳамчунин дар айни замон якчанд лоиҳаҳои дигар дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди амал қарор доранд.Муовини якуми раиси БМТ ҳамчунин диққати ҷаноби Леонард Кайтро дар баробари дигар масъалаҳои ҳамкорӣ ба дастгирии бахши молиявии ҷумҳурӣ аз ҷониби ин бонк ҷалб намуд.

Ҷонибҳо дар анҷоми суҳбат бо боварӣ изҳор доштанд, ки таҳлил ва тадқиқи ҳамаҷонибаи фаъолияти Намояндагии доимии БАТР дар Душанбе барои дар сатҳи сифатан нави ҳамкории судманд ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.