Давраи омӯзишии ИМА ва САҲА барои мутахассисони тоҷик оид ба поккорӣ аз минаҳо

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) давраи омӯзишӣ оид ба нобуд кардани моддаҳои таркандаро барои 32 мутахассисон аз минтақаи Осиёи Марказӣ оиди тоза кардан аз минаҳо, ки дар шаҳри Душанбе аз 26 октябр то 5 ноябр баргузор гардид, маблағгузорӣ карданд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ […]

ASIA-Plus



Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) давраи омӯзишӣ оид ба нобуд кардани моддаҳои таркандаро барои 32 мутахассисон аз минтақаи Осиёи Марказӣ оиди тоза кардан аз минаҳо, ки дар шаҳри Душанбе аз 26 октябр то 5 ноябр баргузор гардид, маблағгузорӣ карданд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, Давраи омӯзишии мазкур, ки охирин дар силсилаи ҳафт чорабинии марҳилавӣ мебошад, ба мубориза бо дастгоҳи таркандаи дастисохт ва тайёр намудани иштирокчиён ба сифати мураббиёни дорои шаҳодатнома оиди маҳви маводи тарканда тамаркуз шудааст.

Ба иттиллои манбаъ, дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари Сафорати ИМА ҷаноби Майкл Мансини дар маросими хатми омӯзиш аз тарафи мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон, ки 5 ноябр сурат гирифт, иқтидори ҳамкории минтақавиро, ки дар мисоли давраи омӯзишии мазкур дида шуд, ситоиш кард.

Ҳамчунин ӯ таъқид дошт, ки баланд бардоштани иқтидор ҷиҳати беҳавф тоза ва нобуд кардани минаҳо, бозмондаҳои таркандаи ҷанг ва моддаҳои таркандаи таҳлукаовар, барои амнияту суботи минтақавӣ судбахш хоҳад шуд. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе аз соли 2013 инҷониб дар раванди ин талошҳо бо САҲА ҳамкорӣ менамояд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тарафдори идомаи кӯмаку дастгирии худ ба мардуми Тоҷикистон аст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.