Се ҳазор нафар суғдиён ба сафҳои ҲХДТ пайвастанд

Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 3 ҳазор нафар сокинони вилоят ба аъзогии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд. Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бештари ба сафҳои ҳизб пайвастагон дар шаҳри Хуҷанд – 1200 нафар, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 900 нафар, Истаравшан […]

Мавлуда Рофиева



Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 3 ҳазор нафар сокинони вилоят ба аъзогии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бештари ба сафҳои ҳизб пайвастагон дар шаҳри Хуҷанд – 1200 нафар, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 900 нафар, Истаравшан – 600 нафар ва Конибодом – 342 нафар ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Дар зарфи 10 моҳи соли равон 9 ҳазор нафар ба аъзогии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пазируфта шудаанд, ки пешвои он президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Шумори умумии аъзои ҲХДТ дар вилдояти Суғд 83 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба сафҳои ҲХДТ аз ҳама бештар кормандони бахшҳои бонкӣ, маориф, тиб ва соҳибкорон аъзо мешаванд. Аз шумори умумиии аъзои ҳизб 43 ҳазору 500 нафарашонро занон ва 30 ҳазор нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.