Суғд: Барои қатли корманди милиса ҳамсар ва маъшуқаш маҳкум шуданд

Суди вилояти Суғд сокини 39-солаи шаҳри Истаравшан Зариф Болтуевро барои қатли бераҳмонаи корманди шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан Бахтиёр Нарзуллоеви 35-сола ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Бо ҳукми суд ҳамсари корманди милиса, сокини ноҳияи Шаҳристон Дилором Нарзуллоеваи 31-сола низ барои даст доштан ва шарикӣ дар ин ҷиноят ба муҳлати 21 […]

ASIA-Plus



Суди вилояти Суғд сокини 39-солаи шаҳри Истаравшан Зариф Болтуевро барои қатли бераҳмонаи корманди шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан Бахтиёр Нарзуллоеви 35-сола ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Бо ҳукми суд ҳамсари корманди милиса, сокини ноҳияи Шаҳристон Дилором Нарзуллоеваи 31-сола низ барои даст доштан ва шарикӣ дар ин ҷиноят ба муҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бахтиёр Нарзуллоеви марҳум ва Дилором Нарзуллоева соҳиби ду фарзанд мебошанд.

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти 6 моҳи соли равон сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назарзода дар робита ба

 ба қатли майори милиса 

дар ноҳияи Шаҳристон

иттилоъ дода буд,

ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ӯ чунин гуфта буд: «Субҳи рӯзи 13 июл дар қаламрави ҷамоати Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷасади сӯхтаи корманди шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан, майори милиса Бахтиёр Нарзуллоеви 35-сола, сокини ҳамин ҷамоат бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва осори захму бурида дарёфт шуд».

Назарзода қайд кард, ки марҳум дорои маълумоти олӣ буда, соли 2011 Академияи ВКД-ро хатм кардааст ва аз соли 1997 дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дошта, аз моҳи январи соли 2015 ба мансаби ахираш таъин гардида буд ва соҳиби ду фарзанд аст.

Аз ҷониби суд исбот шудааст, ки соли 2013 ҳамсари корманди милиса Дилором Нарзуллоева бо маҳкумшуда ба ишқварзӣ пардохта, муносибатҳои маҳрамонаашон оғоз мегардад. Аз ин алоқаи онҳо шавҳари зан хабардор мешавад. Қотил бо ҳамсари милиса тасмим мегиранд, ки ӯро нобуд месозанд ва шаби 12 июли соли 2015 Зариф Болтуев автомашинаи корманди милисаро манъ намуда, бо корд ба ҷисми ӯ 5 маротиба зарба мезанад. Сипас автомашинаи ӯро ба километри 203-юми шоҳроҳи Душанбе – Чанак бурда, ба он безин мерезад ва ҳамроҳ бо ҷасад дар дохили автомашина оташ мезанад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.