Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 836 млн. $ кам шуд

Дар муқоиса бо 10 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-октябри соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба маблағи 836,6 млн. доллари ИМА кам шуд. Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 10 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,5 […]

ASIA-Plus



Дар муқоиса бо 10 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-октябри соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба маблағи 836,6 млн. доллари ИМА кам шуд.

Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 10 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 19,2% камтар аст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, зиёда аз 2 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 750 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 7,7% ё худ 62,4 млн. доллари ИМА камтар мебошад. Аз ҷумла ҳаҷми содироти нахи пахта тақрибан ба миқдори 20%, металлҳои арзон ва маснӯот аз он – 1,3% коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти мол ба 2,8 млрд. ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли гузашта 21,8% ё худ 774 млн. доллари ИМА камтар аст. Дар ин самт метавон аз коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба андозаи 21,3% ва орд 35,2% ҳарф зад.

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 87 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (ҳудуди 940 млн. $), Чин (608 млн. $) ва Қазоқистон (590 млн. $) дониста шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.