Ҳамасола то 150 млн. $ ба Тоҷикистон аз лоиҳаи CASA-1000

Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) 6 созишномаи молиявиро тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини аввали вазири молияи кишвар изҳор намуд, ки барои амалисозии қитъаи тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000  314 млн. доллари ИМА зарур аст ва ин […]



Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) 6 созишномаи молиявиро тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини аввали вазири молияи кишвар изҳор намуд, ки барои амалисозии қитъаи тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000  314 млн. доллари ИМА зарур аст ва ин маблағҳо аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд – 45 млн. $ (грант), Бонки исломии рушд – 70 млн. $ (қарз), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – 110 млн. $ (қарз) ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 79 млн. $ (қарз) ҷудо карда мешаванд.

Бино ба гуфтаи муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Лоиҳа муддати чор сол, яъне то соли 2020 амалӣ гардида, имкон фароҳам месозад, ки ҳамасола аз моҳи апрел то моҳи октябр то 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқи зиёдатӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон интиқол дода шавад.

«Аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқ Тоҷикистон ҳамасола метавонад то 150 млн. доллари ИМА фоида ба даст орад. Ғайр аз ин, ҷумҳурӣ ҳамчунин аз транзити нерӯи барқи Қирғизистон тариқи қаламрави худ низ даромад мегирад», – қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи вакил Пӯлод Муҳиддиниён, дар солҳои аввал арзиши як киловатт нерӯи барқи содиротшуда то 6 сенти амрикоиро ташкил дода, ҳамасола нарх ба нерӯи барқ мушаххас (индексатсия) карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии худро ба Афғонистон ва Қирғизистон содирот мекунад. Дар мавсими имсола аз Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон ҳудуди 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки ба Афғонистон 1 млрд. 137 млн. ва Қирғизистон – 159,1 млн. кВт/соат рост меояд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон бо қимати 3,7 сент ва Қирғизистон – 2,5 сент барои 1 кВт/соат фурӯхта мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.