Паёми президент ба парлумон 22 январ ироа мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми соли ояндаи худ ба парлумонро санаи 22-юми январ ироа мекунад. Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар паём президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми соли ояндаи худ ба парлумонро санаи 22-юми январ ироа мекунад.

Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар паём президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеа дар соли 2016-ро муайян мекунад.

Дар паёми соли ояндаи сарвари давлат ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ миллӣ дар шароити буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин мубориза бо терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ироаи Паёми президенти Тоҷикистон ба парлумон мустақиман тариқи шабакаҳои марказии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ намоиш ва садо дода, кормандони тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ онро тамошову гӯш мекунанд.

Худи ҳамон рӯз, 22 январ таҳти раёсати президент маҷлиси ҷамъбасти ҳукумат доир гардида, дар он аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2015 натиҷагирӣ ва нақшаҳои рушд дар соли 2016 муайян карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.