Боздошти чорводуздон дар Қубодиёну Ваҳдат

Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва шаҳри Ваҳдат кормандони милиса далелҳои дуздии чорворо ошкор намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимашаби рӯзи 23 декабр шахсони  номаълум  бо  роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи марди 50-солаи сокини ноҳияи Қубодиён гардида, аз он ҷо 20 сар чорвои хурди шохдорро, ки арзишашон 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида […]



Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва шаҳри Ваҳдат кормандони милиса далелҳои дуздии чорворо ошкор намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимашаби рӯзи 23 декабр шахсони  номаълум  бо  роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи марди 50-солаи сокини ноҳияи Қубодиён гардида, аз он ҷо 20 сар чорвои хурди шохдорро, ки арзишашон 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ба гумони даст доштан дар дуздии чорвои мазкур марди 38-солаи сокини ноҳияи Шаҳритуз дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз далели дуздии як сар чорвои калони шохдор, ки моҳи июни соли 2014 аз дохили оғилхонаи марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дуздида шуда буд, ошкор гардидааст.

Муайян карда шудааст, ки чорвои мазкур, ки арзишаш 4 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби ду сокини шаҳри Ваҳдат, мардони 30-сола ва 22-сола дуздидаву фурӯхта шуда, маблағи ба дастовардаашонро ба манфиати худ сарф намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.