Соли равон варзишгарони тоҷик 629 маротиба Парчами Тоҷикистонро боло бардоштанд

Барои ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди Қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд, бо […]



Барои ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди Қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 673 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар аз 6250 то 150000 сомонӣ аст.

Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан онҳое мебошанд, ки дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, гуштини дзюдо, самбо ва таэквандо ИТФ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медали тилло ва ҷойҳои намоён гардидаанд.  

Ин қадршиносии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мудом дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як зумра санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаро таҳия ва ба тасвиб расонидааст.

Аз ҷумла, барои ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 таҳти рақами 328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 “Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015” таҳти рақами 328  ба имзо расидааст.

Татбиқи фармони мазкур ба боз ҳам беҳбуд бахшидани шароити созгори варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш такони ҷиддӣ бахшид.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконияти иштирок дар садҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.

Варзишгарони тоҷик танҳо дар давоми 5 соли охир дар арсаи байналмилалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ, ба даст овардаанд, ки бо шарофати онҳо борҳо парчами давлатӣ парафшон гардидааст.

Дар давоми соли 2015 варзишгарони тоҷик маҳорати олии варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ нишон дода, 629 маротиба Парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.