Кумаки башардӯстонаи Озарбойҷон ба Тоҷикистон

Бо дастури президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар аз номи ҳукумати Озарбойҷон ба осебдидагон аз заминларзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки башардӯстона фиристод. Бино ба маълумоти АЗЕРТАДЖ бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон, кумаки башардӯстона бо арзиши умумии 800 ҳазор манати озарбойҷонӣ аз 9,5 тонна қанд, 9,5 тонна шакар, […]



Бо дастури президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар аз номи ҳукумати Озарбойҷон ба осебдидагон аз заминларзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки башардӯстона фиристод.

Бино ба маълумоти

АЗЕРТАДЖ

бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон, кумаки башардӯстона бо арзиши умумии 800 ҳазор манати озарбойҷонӣ аз 9,5 тонна қанд, 9,5 тонна шакар, 15 тонна биринҷ, 3 тонна чой, беш аз 16 тонна равғани растанӣ, 19 тонна орд, 19 тонна макарон, зиёда аз 18 тонна вермишел, 2000 адад маҷмӯи лавозмиоти ҷойхоб (кӯрпаву кампал ва ғайра), 50 адад генератор, 110 адад хайма, 6000 метри мураббаъ масолеҳи бомпӯш (шифери оҳанӣ) ва 30 метри мураббаъ чӯб иборат аст.

Гуфта мешавад, дар маросими фирстодани кумаки башардӯстона муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон, генерал-лейтенант Фаиг Тагизаде ва котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон Салими Хатлонӣ иштирок кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.