Кумаки ИА ба осебдидагони заминларза дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба қурбониёни зилзилаи харобиоваре, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 7 декабр соли ҷорӣ рух дод, кӯмаки башардӯстонаро ба ҳаҷми умумии 84 ҳазор евро таъмин карда истодааст. Зиёда аз 36000 евро ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас мегардад то ин Ҷамъият кӯмаки хеле зарурро зудтар ба 195 хонаводаҳои осебпазир таъмин намояд. […]

Иттилоияи расмӣ



Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба қурбониёни зилзилаи харобиоваре, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 7 декабр соли ҷорӣ рух дод, кӯмаки башардӯстонаро ба ҳаҷми умумии 84 ҳазор евро таъмин карда истодааст.

Зиёда аз 36000 евро ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас мегардад то ин Ҷамъият кӯмаки хеле зарурро зудтар ба 195 хонаводаҳои осебпазир таъмин намояд. Хонаводаҳои мазкур иборат аз 935 нафар, аз ҷумла якчанд фарзанду маъюбон доранд, асбобҳои пухтупаз, бастачаҳои беҳдоштӣ ва ғизо хоҳанд гирифт. Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо беш аз нисфи маблағе, ки дар муроҷиатномаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Фонди ҳолатҳои фавқулода ишора шудааст, мепӯшонад. Чунин муроҷиатнома дар вақте пешниҳод мегардад, ки Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар барои вокуниш ба офати табиӣ ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад.

Созмонҳои шарики Комиссияи Аврупо, ки барномаи паст кардани хатари офатҳои табииро (“ДИПЭКО”) амалӣ месозанд, тавонистанд ба дар ин ҳолати фавқулодда зуд ҷавоб диҳанд. Масалан, ташкилоти “ФОКУС” – яке аз созмонҳои шарики Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи расонидани кӯмаки башардӯстона – дар ин минтақа доимо ҳузур дошта, кӯшиш мекунад, ки талошҳои дигар ташкилоту созмонҳо дар вокуниш ба офатҳои табиӣ ҳамоҳанг намояд: ин созмон низ арзёбии ниёзҳои мардуми зарардидаро гузаронида, дархостҳоеро оиди мазмуни кӯмаки фаврии башардӯстонаро ба таври мутамарказ омода мекунад. Созмони “Оксфам” – дигар шарики Комиссияи Аврупо – аз маблағҳои “ДИПЭКО” 48 ҳазор евроро ҷудо кардааст то қурбониёни зилзиларо бо кампалҳо, либосҳои зимистона, бастачаҳои беҳдоштӣ ва дигар ашёи ниёзи хонаводаҳо таъмин намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.