Дар фурудгоҳи Кобул амали террористӣ содир шуд

Бо истинод ба ҳукуматдорони маҳаллӣ хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад, ки дар мавзеи наздики фурудгоҳи пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул таркиш ба вуқӯъ пайваст. Тибқи маълумоти пешакӣ, таркиш дар шоҳроҳ ба самти фурудгоҳ рух дода, мақомоти пулис бар ин назар аст, ки ин амал аз ҷониби маргталабе содир шудааст. Ин ҳодиса соати 8-и субҳ бо вақти […]



Бо истинод ба ҳукуматдорони маҳаллӣ хабаргузории


ВВС


иттилоъ медиҳад, ки дар мавзеи наздики фурудгоҳи пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул таркиш ба вуқӯъ пайваст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, таркиш дар шоҳроҳ ба самти фурудгоҳ рух дода, мақомоти пулис бар ин назар аст, ки ин амал аз ҷониби маргталабе содир шудааст.

Ин ҳодиса соати 8-и субҳ бо вақти маҳалллӣ, каме дуртар аз Фурудгоҳи байнулмилалии Кобул ва пойгоҳи низомии НАТО ба амал омадааст. Дар ин бора хабаргузории «

Пажвок

» бо такя ба маълумоти намояндагони пулис иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои «Афганистан.ру», фавтида аз аҳолии осоишта буда, аз ин ҳодиса боз 33 тани дигар осеб дидаанд. Миёни осебдидагон занону кӯдакон низ ҳузур доштаанд. Захмишудагон ба госпитал мунтақил шуда, ба онҳо кумаки тиббӣ расонида шудааст.

Гуфта мешавад, тафтиши ин ҳодиса оғоз гардидааст. Масъулияти ин амали террористиро намояндагони ҳаракати «Толибон» ба дӯш гирифта, изҳор доштанд, ки ҳамлаи чанде қабл ба талафот миёни нерӯҳои низомии хориҷӣ боис гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.