ВКХ: Дар таркиши Истамбул шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надиданд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳодисаи таркиш дар майдони Султонаҳмади маркази шаҳри Истамбул миёни осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул вазъ атрофи ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад. «Мо […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳодисаи таркиш дар майдони Султонаҳмади маркази шаҳри Истамбул миёни осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул вазъ атрофи ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад.

«Мо бо консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул мудом дар тамосем ва тибқи маълумоти пешакӣ, миёни осебдидагон шаҳрвандони мо нестанд. Дар навбати худ консулгарӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон робита барқарор намуда, дар сурати зарурат ба онҳо кумаки лозима хоҳад расонид», – гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 12 январ дар майдони Султонаҳмади маркази шаҳри Истамбули Туркия таркиш рух дода, бар асари он 10 нафар ҳалок, аз ҷумла сайёҳон аз Олмон ва боз 15 тани дигар захм бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер