Тоҷики аз СИЗО-и Маскав фироркарда боздошт шуд

Ба кормандони фаврӣ ва таъиноти махсуси Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав муяссар шуд, ки зодаи 25-солаи Тоҷикистон Маъруф Одинаверо, ки рӯзи 13 январ аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и «Водник»-и шаҳри Маскав фирор карда буд, боздошт намоянд. «Рӯзи 17 январи соли 2016 дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ […]

ASIA-Plus



Ба кормандони фаврӣ ва таъиноти махсуси Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав муяссар шуд, ки зодаи 25-солаи Тоҷикистон Маъруф Одинаверо, ки рӯзи 13 январ аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и «Водник»-и шаҳри Маскав фирор карда буд, боздошт намоянд.

«Рӯзи 17 январи соли 2016 дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Одинев Маъруф Мӯсоевич, ки рӯзи 13 январ аз тавқифгоҳи муваққатӣ-5-и шахри Маскав гурехта буд, боздошта шуд», – 

хабар дода мешавад

дар сомонаи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав. Дар бораи ҷузъиёти дигари қазия маълумот дода нашудааст.

Шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Маъруф Одинаев ба иттиҳоми суиқасди фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (қисми 1-и моддаи 30 қисми 5-и моддаи 228-1-и Кодекси ҷиноии Русия) ба ҳабс гирифта шуда буд.

Рӯзи 13 январ ӯ бо истифода аз монандии худ ба маҳбуси дигар дар ҳуҷраи зиндон, ки бояд барои анҷоми муҳлати ҳабсаш озод мешуд, бидуни монеъа нуқтаи гузаргоҳро гузашта,

аз тавқифгоҳ гурехта буд

. Эҳтимол меравад, барои дар маҳбас боқӣ мондан ӯ ба маҳбуси шиносаш маблаги пулӣ додааст.

Дар ҳуҷраи тавқифгоҳ ҳузур надоштани Одинаев танҳо баъди панҷ соати онро тарк кардани ӯ маълум шуда буд. Санҷиш нишон додааст, ки фирор бо сабаби аз ҷониби кормандони тавқифгоҳ дағалона риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ муясссар гардидааст. Аз рӯи далели фирори боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.